Бино ба гузориши хабаргузории АБНА ба нақл аз Ал-Ҷазира, Вазорати хориҷаи Арабистони Саудӣ эълом кард: "Иқдомоти кишвари дӯст, яъне Иморот дар Яман бисёр хатарнок аст. Ин иқдомҳо бо усули ташкили эътилофи арабӣ дар мавриди Яман ҳамоҳангӣ надорад."
Ин вазоратхона илова кард: "Иморот бояд ба дархости Яман мабни бар хориҷ кардани нерӯҳои низомии худ аз ин кишвар тайи 24 соат амал кунад. Ҳимоятҳои низомӣ ё молӣ аз тарафҳои дохилии Яман бояд қатъ шавад."
Рашод Ал-Алимӣ, раиси Шӯрои раёсати ҷумҳурии Яман (таҳти ҳимояти Саудӣ) низ таъкид кард: "Мо лағви тавофуқномаи дифоии муштарак бо Иморотро эълом мекунем. Нерӯҳои иморотӣ бояд тайи 24 соат аз саросари хоки Яман хориҷ шаванд." Вай инчунин дар саросари Яман ба муддати 90 рӯз ҳолати фавқулода эълом кард.
Your Comment